19 Ноябр 2025 - 11:43
Source: ABNA
Путин: Ҳамкории Русия ва Чин алайҳи ҳеҷ тарафи саввум (сеюм) нест

Раиси ҷумҳури Русия дар дидор бо нахуствазири Чин эълом кард: "Ҳамкории Маскав ва Пекин алайҳи ҳеҷ тарафи саввум (сеюм) нест."

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Риановости, Ли Кянг, нахуствазири Чин, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар Кремл дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо нахуствазири Чин эълом кард: "Ҳамкории ду кишвари Русия ва Чин дар чорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба табдили ин созмон ба унвони яке аз аркон (пояҳо)-и низоми ҷаҳонии чандқутбӣ кумак мекунад."

Владимир Путин сипас изофа кард: "Равобити Русия ва Чин дар беҳтарин даврони таърихии худ қарор дорад. Ҳамкорӣ миёни Русия ва Чин алайҳи ҳеҷ тарафи саввум нест."

Your Comment

You are replying to: .
captcha